Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши ёриҳои байналмилалӣ ба барномаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон осеби ҷиддӣ расонид


Тоҷикистон, ки давоми солиёни дароз аз ёриҳои башарии беруна вобаста буд, баъди қатъи кӯмакҳо, бахусус аз Амрико, ҳоло бо коҳиши якбораи дастгирии барномаҳои бисёр муҳими иҷтимоиаш рӯбарӯ шудааст. Барномаҳои пешгирӣ аз сил, паҳншавии вируси заъфи масунияти бадан – HIV ва ҳимояти занон осеби ҷиддие дида метавонанд. Мутахассисон ҳушдор медиҳанд, ки баъди дастовардҳои калони солҳои пешин, ҳоло хатари даҳсолаҳо ба ақиб афтодани ин ҳама пешрафтҳо ба вуҷуд омадааст.


HIV: хатари аз даст додани 20 соли пешрафтҳо

Соли 2024 муборизаи ҷаҳонӣ алайҳи паҳншавии вируси заъфи масунияти бадан натиҷаҳои фавқулодда мусбат овард, чун сатҳи марг аз ин беморӣ дар муқоиса бо соли 2010 ду баробар ва ҳолатҳои нави гирифторӣ ба HIV 40% кам шуд. Тоҷикистон дар ин самт қадами ҷиддие гузошт: дар ин кишвар ҳолатҳои марг аз ин беморӣ ду баробар кам шуда ҳодисаҳои аз модар ба кӯдак гузаштани вирус ҳам ночиз гардид. Муолиҷаи зиддиретровирусӣ ҳам дастраси доираи васеи мардум гадид. Ин маълумот дар гузориши нави UNAIDS – “СПИД, бӯҳрон ва нирӯи тағйирот” ҳам нашр шудааст, ки рӯзи 10 июл аз чоп баромад. Вале акнун, ба гуфтаи муаллифон, хатари аз даст додани ин дастовардҳо ба миён омадааст.

Гузориш мегӯяд, “коҳиши ногаҳонӣ ва сартосарии маблағгузории байналмлилӣ, аз ҷумла тавассути барномаи амрикоии мубориза бо СПИД - PEPFAR аз ҳоло ба вазъи даҳҳо кишвар таъсир кардааст. Агар чизе тағйир наёфт, давоми чор соли оянда 6 миллион ҳодисаи нави гирифторӣ ба ин вирус ва 4 миллион ҳолати марг пеш меояд”.



Бо ёриҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон чӣ шуд?

Маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп, ки моҳи январ мӯҳлати нави чорсолаи корашро шурӯъ кард, кӯмакҳои байналмилалиро якбора коҳиш дод. Дар миёни дигар барномаҳо, USAID – Оҷонсии рушди ИМА, ки 90% ёриҳои ин кишвар тавассути он тақсим мешуд, боздошта шуд. Ин оҷонсӣ масъули ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои хориҷӣ дар соҳаи маданӣ дар хориҷа буд.

Тоҷикистон ҳам давоми беш аз се даҳсола тавассути USAID бахши муҳими ёриҳоро дарёфт мекард. Соли 2024 ин оҷонсӣ 58,5 миллион доллар маблағро ба Тоҷикистон ихтисос дод ва ин бештар аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Аз замони касби истиқлолияташ Тоҷикистон аз ИМА тавассути USAID беш аз 2 миллиард доллар кӯмак гирифтааст. Рушди соҳаи беҳдошт, маориф, дастгирии амнияти ғизо ва мубориза бо бемориҳои сироятӣ бо ёрии ин пулҳо таъмин мешуданд. Баъди боздошта шудани ёриҳо соҳаи беҳдошт метавонад осеби ҷиддӣ бинад: танҳо барои мубориза бо СПИД аз соли 2003 то 2021 USAID 38 миллион доллар ҷудо кардааст.

Дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон беш аз 60% ҳамаи барномаҳо оид ба HIV аз ҳисоби донорҳои байналмилалӣ таъмин шудаанд.

Азиза Ҳамидова, раиси барномаҳои UNAIDS дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳатто коҳиши даҳ ё бистдарсада дастоварҳои солҳои зиёдро хадшадор мекунад.

Ҳамидова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ҳоло барномаҳои пешгирӣ, мониторинг ё назорати ҷамъиятӣ, дастрасӣ ба барномаи PrEP боздошта шудаанд. Барномаи ахир таъмини дорувории зиддиретровирусиро бо ҳадафи пешгирӣ аз олудашавӣ ба HIV дар миёни гурӯҳи бисёр заъфпазири беморон пешбинӣ мекунад.

Ба қавли Ҳамидова, занҳо, ҷавонон ва муҳоҷирони корӣ ҳамакнун таҳти хатари ҷиддӣ қарор мегиранд. Маркази миллии мубориза бо СПИД дар Тоҷикистон мегӯяд, аз соли 2023 дар ҳар сеюм ҳолати нави гирифторӣ ба HIV мардони аз муҳоҷирати корӣ баргашта сабтином мешаванд. Ба ҳамин хотир, хатари олудашавии занҳои онҳо, асосан бонуҳои рустоӣ ба маротиб зиёд мешавад.


Маркази зидди сил
Маркази зидди сил


Марказҳои бӯҳронӣ ва паноҳгоҳҳо барои занҳои хушунатдида ҳам беҳимоят мемонанд

Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дар назди созмони ҷамъиятии “Ғамхорӣ” яке аз камшумортарин паноҳгоҳҳо барои занҳои хушунатдида амал мекунад. Декабри соли 2024 ин созмон ҳамроҳ бо USAID тарҳи наверо бо маблағи 40 ҳазор доллар ба имзо расонид. Ин пул бояд барои зиндагии муваққатӣ ва ёриҳои ҳуқуқию равонӣ ба ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ ва ҳам дарсҳои касбомӯзӣ ба онҳо барои омодагӣ ба зиндагии мустақилона равона мешуд. Моҳи январ ҳама корҳо қатъ шуд ва маблағро интиқол надоданд.

Мадина Низомова, раҳбари “Ғамхорӣ” мегӯяд, “мо бори аввал дар 30 соли корамон дар чунин як ҳолати сахте қарор гирифтаем. Эҳтимолан, паноҳгоҳу маркази бӯҳрониро мебандем”, гуфт ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ. Ин паноҳгоҳ то як муддат пеш моҳе 25 занону кӯдаконашонро қабул мекард.

Низомова мегӯяд, муроҷиат кам намешавад, вале дар ҳолати кунунӣ онҳо барои ёрӣ додан ба ин занҳо маблағ надоранд ва ба мутахассисонашон ҳам наметавонанд барои ҳаққи хидматашон пул бидиҳанд.

Айни чунин ҳолат бо дигар муассисаҳои ёрӣ ба ҷабрдидагон хушунати хонаводагӣ рух додааст.


Коҳиши маблағгзуорӣ боиси мушкили ошкоркунии гирифторони нави сил гардид

Тоҷикистонро Созмони ҷаҳонии тандурустӣ кишваре номидааст, ки дар он хатари баланди гирифторшавӣ ба бемории сил вуҷуд дорад. Баста шудани барномаи USAID ба маблағгузории барномаҳои мубориза бо сил таъсири амиқ гузоштааст.

Акмал Худойбердиев, корманди созмони “Ҳамкорӣ ба хотири қатъи сил дар Тоҷикистон” аст, ки дар он собиқ гирифторони сил кор мекунанд. Кормандони ин созмон бо ёрии USAID кор мекарданду ҳамроҳ бо ходимони тиб назди гирифторон дар деҳоти дурдаст гашта ҷараёни беморӣ ва сиҳҳатшавии муштариёнро месанҷиданд. Худойбердиев гуфт, коҳиши маблағгзуорӣ бисёр чизро дигар кард:

“Барномаҳои муолиҷаи фосилавӣ, кӯмакҳои равонию иҷтимоӣ, ки барои беморон бисёр зарур аст, боздошта шуданд. Боздошта шудани муолиҷа метавонад сабаби пайдоиши шаклҳои устувори ин беморӣ дар ҷисми инсон шавад”, гуфт ӯ.

Аслиддин Раҷабзода, муовини мудири маркази ҷумҳуриявии ҳимояти аҳолӣ аз сил дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки донорҳои дар Тоҷикистон боқимонда кори худро бо таъмини доруворӣ ба беморони гирифтори шаклҳои устувори сил ва таъмини озмоишгоҳҳо бо реагентҳо маҳдуд кардаанд.

Раҷабзода гуфт, “аз оғози соли 2025 шумори ошкоршавии ҳолатҳои гирифторӣ ба сил то 200 ҳолат кам шудааст ва сабабаш дар қатъи сафарҳои гурӯҳҳои тиббӣ аст, ки вазҳифаашон санҷидани вазъи саломатии аҳолӣ дар минтақаҳои дурдаст бо ёрии рентген-аппаратҳо мебошад”. Ба гуфтаи ӯ, аз даҳ созмоне, ки зидди сил кор мекард, яктоаш боқӣ мондааст ва он ҳам бо буҷаи бисёр маҳдуд.

Ӯ гуфт, ба Тоҷикистон барои ҳифзи кори пешина барои се сол 20 миллион доллар зарур аст ва мақомот ба Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва ҳам Фонди Глобалӣ муроҷиат ва дархост кардаанд, ки ин ёриҳоро дареғ надоранд. Соли 2024 дар Тоҷикистон беш аз 4,5 ҳазор ҳолати гирифторӣ ба сил ва аз онҳо 422 ҳолати устувори сил ба қайд гирифта шудааст.


Кор бидуни ёрии байналмилалӣ душвортар мешавад

Созони “Гендер ва рушд” дар Тоҷикистон давоми 15 сол тарҳҳоеро дар самти мубориза бо HIV ва сил амалӣ мекунад. Наргис Саидова, раиси ин созмон гуфт, коҳиши маблағгузорӣ имкони татбиқи се тарҳи калонро аз байн бурд.

Ӯ гуфт, “ин барномаҳо ба кӯмаки занҳои муҳоҷири афғонистонӣ, шахсони бешаҳрвандӣ, дастрасии занони оилаҳои нодор ба адолати додгоҳӣ равона шудаанд”. Саидова гуфт, дар Тоҷикистон иродаи кофӣ барои мубориза бо бемориҳои иҷтимоӣ вуҷуд доард, вале бо сабабҳои объективӣ маблағгузорӣ кифоят намекунад.

Азиза Ҳамидова гуфт, Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ дар фикри пурра вобаста будан аз ёриҳои беруна набуд. Дар ин кишвар нақшаи бисёрсолаи муқовимат ба паҳншавии HIV вуҷуд дорад. “Мақсади асосӣ ин аст, ки то соли 2030 вобастагии комили кишвар аз донорҳо поён ёбад. Маблағҳои иловагӣ дар буҷаи соли 2026 пешбинӣ шудааст, аммо ин маблағҳо фавқулодда кам ҳастанд ва наметавонанд шикофии бавуҷудомадаро пурра пӯшонанд”.

Як коршиносе, ки нахост номаш нашр шавад, гуфт, “ин ҳолати бӯҳронӣ аст. На давлат ва на созмонҳои ҷамъиятӣ бо сабабҳои маълум феълан наметавонанд тамоми масъулиятро ба дӯши худ бигиранд”. Ин коршинос, ки давоми беш аз 10 сол дар тарҳҳои донорҳо кор кардааст, гуфт, барои пешгирӣ аз шикасти ҷиддӣ Тоҷикистон бояд масоили авлавиятнокро дар сатҳи миллӣ ба таври фавқулодда бозбинӣ кунад, захираҳои боқимондаи созмонҳои байналмиларо ба равияҳои бисёр зарури мисли мубориза бо HIV ва сил равона карда, донорҳои дигарро фаъолона ҷалб намояд. Ӯ гуфт, “вагарна мо ба 20 соли ақиб меуфтем”.

Муаллиф: Наргис Ҳамробоева, Азаттик Азия

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG