Сурхакон ба садҳо кӯдак дар Тоҷикистон сироят кардааст

Дар Тоҷикистон ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории гузарандаи сурхакон якбора афзоиш ёфта, танҳо дар соли 2022, 425 нафар ба ин беморӣ сироят ёфтаанд.

Дар ин бора вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Абдуллозода дар нишасти хабарии рӯзи 10-уми феврал хабар дод.

Гирифтории садҳо кӯдак ба бемории сурхакон дар як сол, дар ҳолест, ки ба гуфтаи мақомоти тандурустии Тоҷикистон, соли 2021 дар кишвар ҳамагӣ 10 ҳолати сироятёбӣ сабт шуда буд.

Ба гуфтаи вазир, таҳқиқи мутахассисон нишон дод, ки сурхакон ба Тоҷикистон аз Русияву Узбекистон ворид шудааст. Ӯ инчунин гуфт, ки дар кишвар ҳолатҳои гирифторӣ ба навъи D6-и сурхакон мушоҳида мешавад, ки он дар шаҳри Новосибирски Русия ҳам ошкор шуда буд.

Мақомоти тиб дар Русия ва дигар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон аз афзоиши ҳолатҳои гирифторӣ ба сурхакон хабар додаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳам охири моҳи январ аз интиқоли ҷасади як ноболиғе хабар дод, ки аз бемории сурхча дар вилояти Ленинград ҷон дод. Ба иттилои сафорат, навраси тоҷик рӯзи 25-уми январ дар пайи гирифторӣ ба ин беморӣ фавтида буд.

Бемории сурхакон зуд аз инсон ба инсон сироят мекунад ва дар сурати беэътиноӣ ба муолиҷа метавонад сабаби марг шавад. Тиқби тақвим бар зидди бемории сурхакон дар Тоҷикистон кӯдакон ҳатман дар 1 ва 6-солагӣ эм карда мешаванд.