Вазорати дифои ИМА бархӯрди яке аз мушакҳои Эрон ба пойгоҳи "Ал-Удайд"-ро тасдиқ кард

Вазорати дифои Амрико тасдиқ кард, ки дар ҳамлаи мушакии Эрон дар се ҳафтаи пеш ба пойгоҳи "Ал-Удайд" дар Қатар, дастикам як мушаки баллистикӣ ба ин пойгоҳ бархурд ва "хисороти кам" бар ҷой гузошт.

Шон Парнелл, сухангӯи Пентагон рӯи 11 июл дар посух ба паёми расонаҳо тасдиқ кард, ки дар ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳи "Ал-Удайд" дар шоми 23 июн, як мушаки баллистикӣ ба ин пойгоҳ бархурд ва мушакҳои дигар тавассути системаи дифои ҳавоии Амрико ва Қатар, раҳгирӣ шуданд.

Сухангӯи Вазорати дифои Амрико афзуд, "бархурди ин мушак хисороти каме ба таҷҳизоти пойгоҳ ворид кард ва ҷароҳате дар пай надошт. Пойгоҳи ҳавоии "Ал-Удайд" ҳамчунон комилан фаъол аст ва қодир аст ҳамроҳ бо шарики мо Қатар, маъмурияти таъмини амният ва субот дар минтақаро анҷом диҳад".

Ин нахустин бор аз замони ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳи "Ал-Удайд" аст, ки Пентагон бархурди яке аз мушакҳо ба пойгоҳро тасдиқ мекунад.

Эрон дар вокуниш ба ҳамлаҳои Амрико ба се таъсисоти ҳастаии худ дар бомдоди 23 июл, чандин мушак ба тарафи "Ал-Удайд", пойгоҳи ҳавоии неруҳои амрикоӣ дар берун аз Давҳа, пойтахти Қатар, партоб кард.

Ин ҳамла ҳамчунин боиси барқарории оташбас байни Эрон ва Исроил шуд, ки бо миёнаравии президенти Амрико Доналд Трамп ба ҷанги 12-рӯзаи ду кишвар поён дод.

Изҳороти сухангӯи Вазорати дифои Амрико дар ҳоле нашр мешавад, ки пештар хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" бо таҳлил ва баррасии аксҳои моҳвораӣ гузориш дода буд, ки дар ҳамлаи Эрон хисороти қобили таваҷҷуҳе ба як антеннапӯш ё Radome ва биноҳои атрофи он ворид шудааст.

"Radome" гунбаде аст дар пойгоҳҳои низомӣ, ки системаи радарӣ ва мавҷгириро муҳофизат мекунад.

Аксҳои моҳвораии ширкати Planet Labs PBC, ки "Ассошиэйтед пресс" баррасӣ кардааст, нишон медиҳад, ки субҳи 23 июн, чанд соат қабл аз ҳамла, гунбад дар ин пойгоҳ қобили мушоҳида буд.

Бо ин ҳол, дар тасвирҳои гирифташуда дар 25 июн ва рузҳои баъд асаре аз ин гунбад дида намешавад ва хисоротҳое низ дар рӯйи биноҳои атроф дида мешавад. Ҳамчунин дар ин тасвирҳо ба назар мерасад, ки боқимондаи пойгоҳ то ҳадди зиёде солим мондааст.

Ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед пресс", ҳамлаи Эрон осеби зиёде ба пойгоҳи Ал-Удайд ворид накард, ба ин далел, ки қабл аз ҳамла, Амрико ҳавопаймоҳои худро аз пойгоҳ берун карда буд.

Доналд Трамп дар ду ҳафтаи гузашта чанд бор таъриф кардааст, ки Теҳрон пешопеш замон ва чигунагии ҳамлаи интиқомҷӯёнаи худро ба мақомҳои амрикоӣ иттилоъ дода буд ва ин амр ба системаи дифои ҳавоии Амрико ва Қатар кумак кард, то омодаи раҳгирии мушакҳо шаванд.

Ин ҳамла муваққатан ба парвозҳо дар Ховари Миёна халал расонд.

Хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" меафзояд, "эҳтимол дорад, ки қитъаи дигаре ба гунбад бархӯрда бошад, аммо бо таваҷҷуҳ ба тахриби пурраи он, ин эҳтимол аз сӯи Эрон, ва шояд бо истифода аз як паҳбоди ҳомили маводи тарканда анҷом шудааст, зеро осебҳои воридшуда ба биноҳои атроф маҳдуд аст".

Доналд Трамп ин ҳамларо камаҳамият нишон дод ва онро "посухе бисёр заиф" аз суи Эрон хонд. Ӯ гуфта буд, Теҳрон 14 мушак партоб кард, ки 13 мушак раҳгирӣ шуд ва яке дигар дар ҷойе "ғайри таҳдидомез", фуруд омад.

Ӯ дар Truth Sоcial навишт, "мехоҳам аз Эрон ташаккур кунам, ки зудтар иттилоъ дод, ва ин имконро фароҳам кард, то ҳеҷ кушта надошта бошем ва касе захмӣ нашавад".

Сипоҳи посдорони Эрон пас аз ин ҳамла гуфт, ки пойгоҳи ҳавоии "Ал-Удайд" ҳадафи ҳамлаи мушакии вайронкунанда ва қудратманд қарор гирифтааст.

Шурои амнияти миллии Эрон эълон кард, ки ин пойгоҳ "дарҳам кубида шудааст", бидуни онки маълумоти хосе аз хисорот пешниҳод кунад.

Бархе аз мансабдорони Эрон он замон гуфта буданд, ки дастикам шаш мушаки Эрон ба пойгоҳи "Ал-Удайд" бархурдааст.

Имоми ҷумъаи Машҳад, ки эҳтимолан медонист гунбад ҳадаф қарор гирифтааст, дар изҳороте гуфт, ки дар пайи ин ҳамла, робита бо пойгоҳ қатъ шудааст.

Аҳмад Алам Ал-Ҳудо изҳор дошт, "ҳамаи таҷҳизоти он пойгоҳ ба куллӣ нобуд шуд ва ҳамакнун ҷараёни фармондеҳӣ ва иртиботи Амрико аз пойгоҳи Ал-Удайд бо дигар пойгоҳҳои низомиаш ба таври куллӣ қатъ аст ва наметавонад аз он истифода кунад".