Дар ҷанги Украина чанд тоҷикистонӣ кушта шудааст?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Як таҳқиқоти журналистӣ исми 72 шаҳрванди Тоҷикистонро маълум кардааст, ки аз тарафи Русия ба ҷанги Украина рафта он ҷо кушта шудаанд. Ин омор аз маълумоти тарҳи "Зистан мехоҳам"-и Украина ба маротиб камтар аст. Дар он феҳрист гуфта шудааст, ки аз 931 зодаи Тоҷикистон 196 нафарашон кушта шудаанд.