Дар Қирғизистон даҳ тифли эмнашуда аз бемории сурхакон ҷон додаанд

Дар Қирғизистон дар давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 10 кӯдак аз бемории сурхакон ҷон додааст. Шаш кӯдак то яксола, дуи дигар як то панҷсола ва ду нафари дигар аз 8-сола боло буданд. Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикӣ гуфтааст, ҳамаи кӯдакони даргузашта аз бемории сурхча эм нашуда буданд.

Гулзода Даданова, намояндаи ин муассиса ба Радиои Азаттик гуфтааст, ки дар давоми соли ҷорӣ дар Қирғизистон 8572 ҳолати гирифторӣ бо бемории сурхча ба қайд гирифта шуда, бештарин омор дар шаҳри Бишкек сабт гардидааст. Даданова гуфтааст, ки эмкунии кӯдакон барои пешгирӣ аз сурхакон бисёр муҳим дониста мешавад.

Азаттик менависад, дар ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ эмкунии кӯдакон алайҳи бемории сироятии сурхча аз соли 1963 шурӯъ шуд, вале баъди касби истиқлолият бархе волидон огоҳона аз эмкунии фарзандонашон даст мекашанд. Чунин тамоюл, ки гӯё бо андешаҳои эътиқодӣ волидон аз воксинзании фарзандонашон худдорӣ мекунанд, аз соли 2012 шурӯъ шуд, менависад расона.

Дар натиҷа таҷрибаи тақрибан ба нестӣ овардашудаи гирифтории кӯдакон ба сурхакон аз байн рафт ва дар солҳои 2014-2015 дар саросари ин ҷумҳурӣ 17 ҳазор ҳолати беморӣ сабт шуд. Баъди тадбирҳои саросарӣ ва коҳиши қобили мулоҳизаи ин беморӣ, соли 2023 эпидемияи нави сурхча сар зад.

Мақомоти беҳдошт сокинонро ташвиқ мекунанд, ки фарзандони 1 то 6-соларо ҳатман зидди сурхча эм кунанд ва эмгузаронӣ ройгон барпо мешавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Марги ду кӯдак дар Қазоқистон аз бемории сурхаконТоҷикистон ҳамоно дар садри омори гирифторӣ ба сурхакон  дар ҷаҳон