Pamir Inside: Мақомот сафари варзишгарони Бадахшон ба Бозиҳои исмоилиро манъ карданд

Бозиҳои исмоилӣ. Акс аз сомонаи the.ismaili

Мақомоти Тоҷикистон нагузоштанд, варзишгарон аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар "Бозиҳои исмоилӣ" ширкат кунанд. Дар ин бора расонаи "Pamir Inside" 12-уми июл бо такя ба манобеаш хабар додааст. Мақомот шарҳи расмие надода, танҳо ҳушдор додаанд, ки ширкат дар ин чорабинӣ метавонад боиси таъқиб гардад.

Ба гузориши "Pamir Inside", варзишгарон аз ВМКБ, бояд 17-уми июл ба шаҳри Дубайи АМА сафар карда, зери парчами Тоҷикистон дар "Бозиҳои исмоилӣ – 2025" ширкат мекарданд.

"Вале 11-уми июл ба варзишгарон расман хабар доданд, ки сафарашон аз сӯи мақомоти қудратӣ манъ шудааст ва тавсия дода шуд, ки билетҳояшонро супоранд. Ба гуфтаи яке аз варзишгарон, "ягон шарҳи расмӣ надода, танҳо гуфтанд, ки ширкат дар ин бозиҳо барои мо мушкилӣ эҷод мекунад, аз ҷумла метавонанд нисбати мо парвандаи ҷиноӣ боз кунанд." Дар ниҳоят ин варзишгар ва рафиқонаш аз сафар даст кашиданд," – навиштааст "Pamir Inside".

Дар як паёми садоӣ, ки Радиои Озодӣ ҳам бо он шинос шуд, нафаре хитоб ба директорони мактабҳои варзишии ВМКБ мегӯяд, "бо ду мактуб корбарӣ кунед ва ягон кас ба Бозиҳои исмоилӣ сафарбар нашавад. Дар ҳолате, ки агар ягон кас сафарбар шавад, нисбаташ парвандаи ҷиноӣ кушода мешавад ва аз вазифа озод карда мешавад."

Шахсияти нафаре, ки дар ин паёми садоӣ суҳбат мекунад, маълум нест. Расонаи "Pamir Inside" навиштааст, ин мард як мансабдори ҳукумати ВМКБ аст. Радиои Озодӣ 13-уми июл барои гирифтани шарҳи расмӣ ба дафтари матбуоти ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон занг зад, аммо посухе нагирифт. Кӯшиши дарёфти назари масъулони дигар идома дорад.

Расонаи "Pamir Inside", ки асосан хабарҳои вобаста ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро пайгирӣ мекунад, манъи сафари варзишгарон аз Тоҷикистон ба Бозиҳои исмоилиро, "табъизи навбатӣ аз сӯи ҳукумат нисбат ба пайравони мазҳаби исмоилӣ" хондааст. Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора вокуниш накардаанд, аммо дар гузашта ҳамагуна монеагузорӣ барои пайравони дин ва мазҳабҳоро рад кардаанд.

Ин бори аввал нест, ки мақомоти Тоҷикистонро барои маҳдудият гузоштан барои пайравони мазҳаби исмоилӣ танқид мешунавад. Пойгоҳи "Forum 18" моҳи марти имсол навишт, мақомоти Тоҷикистонро монеи баргузории маросими исмоилиён дар шаҳрҳои Хоруғ ва Душанбе шудаанд. Дертар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе монеагузории мақомоти Тоҷикистонро дар вақти азодорӣ барои пайравони мазҳаби исмоилӣ рад кард.

Муаллифони гузориши "Forum 18" навиштаанд, дар умум ҳукумати Тоҷикистон чанд сол боз бо пайравони исмоилия муносибати хуб надорад. Аз ҷумла, намояндагони мақомот халифа ё пешвоёни мустақили мазҳабиро ба истеъфо маҷбур карда, бархеро боздошту бозпурсӣ кардаанд.

Фирқаи исмоилия дар саросари ҷаҳон ҳудуди 15 миллион пайрав дорад. Пайравони ин равия асосан дар Афғонистон, Покистон, Тоҷикистон, Эрон, Ҳинд ва бахшҳое аз Африқо зиндагӣ мекунанд. Бештари сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Тоҷикистон ҳам исмоилӣ ҳастанд.