Ваколатдор омори нави зиндониёнро дар Тоҷикистон эълон кард

Яке аз зиндонҳои Тоҷикистон

Дар зиндонҳои Тоҷикистон зиёда аз 15 ҳазор маҳбус адои ҷазо мекунанд. Ин омор дар гузориши ахири Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон омадааст.

Омори ахир дар бораи теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон моҳи январи соли 2024 нашр шуда буд. Он вақт шумораи зиндониён 13,5 ҳазор кас гуфта мешуд.

Нигаронӣ аз зиёд будани маҳбусон дар зиндонҳои Тоҷикистон борҳо садо додааст. Азҷумла Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон соли гузашта се зиндони вобаста ба Вазорати адлияро барои аз меъёр зиёд нигоҳ доштани маҳкумшудаҳо танқид намуд.

Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар моҳи апрели соли 2024 “аз ҳад зиёд будани зиндониҳоро дар маҳбасҳои Тоҷикистон” мушкили ҷиддӣ номида буд.

Бар асоси гузориши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, соли 2024 дар маҷмуъ 15 ҳазору 600 маҳкумшуда аз ташхиси вирусии норасоии масъунияти бадан гузаронда шуданд.

Манбаъ мегӯяд, аз миёни маҳбусон 30 нафарашон гирифтори ВНМО будаанд. “Ин маҳкумшудагон то лаҳзаи ба муассисаҳои ислоҳӣ ворид шуданашон ба чунин бемориҳо гирифтор будаанд,”-омадааст дар гузориши Омбудсмен.

Мақомоти Тоҷикистон ҳар дафъа дар нишастҳои байнулмилалӣ мегӯянд, баъзе аз зиндонҳо нав ва шароити нигаҳдории маҳбусон ба талаботи байнулмилалӣ наздик шудааст.

Бар асоси омори расмӣ, дар Тоҷикистон 19 боздоштгоҳ ва зиндон мавҷуд аст.