Вазирони тоҷик дар бораи корашон ҳисобот медиҳанд

Яке аз нишастҳои хабарӣ. Акс аз бойгонӣ

Вазирон ва роҳбарони идораҳои давлатии Тоҷикистон дар бораи кори нимсолаашон ба хабарнигорон гузориш медиҳанд. Тибқи иттилои хабаргузории "Ховар", нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо 21-уми июл оғоз шуда, то 8-уми август давом мекунад.

Ин нишастҳо дар ним сол як бор доир мешаванд. Хабарнигорон мегӯянд, бо мушкил шудани дастрасӣ ба иттилои расмӣ, нишастҳои хабарӣ аз камтарин имконият барои гирифтани маълумот аз шахсони аввали идораҳои давлатӣ аст.

Ташкили нишастҳои хабарӣ 18 сол пеш шуруъ шуд. Дар оғоз масъулони вазорату идораҳо ҳар се моҳ бо рӯзноманигорон вомехӯрданд. Аз соли 2011 нишастҳо дар ним сол як бор баргузор мешаванд.

Дастрасӣ ба иттилои расмӣ ва дақиқ дар Тоҷикистон мушкил аст ва чанд сол боз созмону кишварҳои ғарбӣ мақомотро барои тангтар кардани ҳалқаи озодии баён танқид мекунанд.