Соли 1989 Донишкадаи адабии ба номи Максим Горкийи шаҳри Маскавро хатм карда, дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ кор кардааст. Як муддат хабарнигори оҷонси иттилоотии "Азия-Плюс", бахши тоҷикии Би-би-сӣ ва баъзе аз расонаҳои русизабон буд. Аз соли 2014 дар Радиои Озодӣ кор мекунад.
Порлумони Тоҷикистон иҷоза дод, ки кони нуқраи "Якҷилва" дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ихтиёри як ширкати чинӣ қарор гирад. Аммо шуморе аз коршиносон ва соҳибназарон мегӯянд, "дороиҳои кишварро набояд ба ин шакл дар ихтиёри ширкатҳои хориҷӣ гузошт".
Профессор Иброҳим Усмонов, мушовири пешини раисиҷумҳури Тоҷикистон ва узви Комиссияи оштии миллӣ, 70-солро пур кард. Вай аз чеҳраҳои матраҳ дар ҷараёни гуфтушуниди сулҳи тоҷикон буд. Радиои Озодӣ дар ин рӯз Иброҳим Усмоновро ба барномаи "Меҳмони "Озодӣ" даъват кард аз ӯ дар бораи зиндагиаш, кору сиёсат ва фикру андешаҳояш пурсид.
Профессор Иброҳим Усмонов, мушовири пешини раисиҷумҳури Тоҷикистон ва узви Комиссияи оштии миллӣ, 70-солро пур кард. Вай аз чеҳраҳои матраҳ дар ҷараёни гуфтушуниди сулҳи тоҷикон буд. Радиои Озодӣ дар ин рӯз Иброҳим Усмоновро ба барномаи "Меҳмони "Озодӣ" даъват кард.
Баъд аз касби истиқлол дар Тоҷикистон номгӯи китобҳои нашршуда тақрибан ду баробар бештар шуда, аммо теъдоди нашри онҳо то сад маротиба коҳиш ёфтааст.
Дар рӯзҳои омодагӣ ба ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон – 9 сентябр, дар қатори бисёре аз дастовардҳо, аз сиёсати “дарҳои боз”- и ин кишвар ситоиш мешавад. Вале ҳамзамон танқидҳое низ садо медиҳанд, ки ин равиш яке аз сабабҳои заъфи иқтисодӣ ва рахнаҳои фарҳангию мазҳабӣ дар кишвар гаштааст.
Муҳаққиқони тоҷик беш аз 30 шеъри устод Садриддин Айниро аз бойгонии ин адиби тоҷик ошкор кардаанд, ки то ҳол нашр нашудаанд.
Театрҳои Тоҷикистон баъд аз як муддати танаффус дигарбора дари худро ба рӯйи сокинон кушоданд ва мақомот гуфтанд, ки намоишномаҳои наву диданӣ рӯйи саҳна хоҳад омад.
Имсол аз таъсиси гурӯҳи овозадори эстрадии “Гулшан” 55 сол сипарӣ мешавад. Дастаи овозхонони ҷавони ин гурӯҳ талош доранд, шӯҳрати қаблии ин гурӯҳро баргардонанд. Радиои Озодӣ бо Бахтиёр Иброҳимов, роҳбари нави дастаи “Гулшан” суҳбат кард.
Тоҷикистону Афғонистон барои кумак ба якдигар дар рафъи оқибатҳои офати табиӣ, ба монанди заминларза ё омадани сел, созиш карданд. Ин санад, ки шоми 21-уми август дар Душанбе имзо шуд, имкон медиҳад, наҷотбахшони тоҷик ба минтақаҳои офатзадаи Афғонистон раванд, ё баръакс.
Сомонаҳои хабаргузории "Азия-Плюс" (news.tj ва asiaplus.tj) аз рӯзи 19-уми август боз пурра дастнорас аст. Хонандагони хабаргузорӣ шикоят мекунанд, ки ҳатто ба воситаи VPN ё филтршиканҳо наметавонанд ба сомона ворид гарданд.
Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ бар пояи як пажӯҳиши худ ба натиҷае расид, ки танҳо як дарсади хабарнигорони тоҷик аз посухҳои мақомот ба дархостҳояшон барои гирифтани иттилоъ қаноатманданд.
Дар Тоҷикистон ба хотири пуштибонӣ аз рӯзноманигорон ва расонаҳои мустақил як гурӯҳи вакилони мудофеъро омода мекунанд. Онҳо мегӯянд, қонунҳои кишвар озодии баёнро замонат медиҳанд, аммо дар амал ин озодӣ рӯ ба коҳиш ниҳода, ниёз ба ҳимоят дорад.
Ёфтҳои бештар